Абдулкарими Бухороӣ

Абдулкари́ми Бухороӣ (форсӣ: مير عبد الكريم بخارى‎; нимаи 2-юми асри XVIII, Бухоро — вафот 1830, Константинопол) — таърихдон, географ, сайёҳи тоҷик.

Абдулкарими Бухороӣ
Таърихи таваллуд асри XVIII
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1830[1][2]
Маҳалли даргузашт
Пеша муаррих, гардишгар, Сафири фавқулодда ва мухтор

Зиндагинома вироиш

Амир Ҳайдар Абдулкарими Бухороиро соли 1804 дар ҳайати намояндагону сафирон ба Русия фиристод. Ӯ дар шаҳрҳои Петербург, Москва ва Астрахан будааст. Соли 1807 чун саркотиб ба шаҳри Истамбули Туркия фиристода шуд. Дар Истамбул оиладор шуда, то охири умр ҳамон ҷо ҳаёт ба сар бурдааст.

Осор вироиш

Аз Абдулкарими Бухорои дар бораи таърихи Туркистону Афғонистон асаре бо номи «Таърихи қадимӣ» боқӣ мондааст. Ин асарро шарқшиноси франсавӣ Ш. Шефер «Таърихи Осиёи Марказӣ» ном гузошта, ба забони франсавӣ тарҷума ва дар Париж чоп кардааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш


Шаблон:Шахсият-нопурра