Абдуллоҳи Ӯротеппаӣ

Абдуллоҳи Ӯротеппаӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттоти тоҷик (нимаи аввалли садаи XIX). Аз доираи адабии Истаравшан.

Абдуллоҳи Ӯротеппаӣ
Зодгоҳ: Истаравшан
Навъи фаъолият: хаттот

Зиндагинома вироиш

Абдуллоҳ Ӯротепаӣ дар навиштани навъҳои хати настаълиқи ҷалӣ, хафӣ ва шикаста мумтоз буд. Соли 1814 «Насабнома»-и Амир Ҳайдар ва 1837 «Тазкират-ул-авлиё»-и Фаридуддини Атторро (дар ӯротеппа) бо хати настаълиқи зебо китобат намуд. Китоб 510 варақ дорад, варақҳои аввали китоб бо ҳошияи зарандуд оро ёфтаанд. Ин китоб дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш