Абдулқоди́ри Ҳофи́з машҳур ба Қодирӣ (1858, Истаравшан1943, ҳамон ҷо) — сароянда, оҳангсоз, мусиқидон, намояндаи машҳури ҳавзаи Истаравшан.

Абдулқодири Ҳофиз
Таърихи таваллуд 1858(1858)
Зодгоҳ Истаравшан
Таърихи даргузашт 1943(1943)
Маҳалли даргузашт Истаравшан
Пеша(ҳо) сароянда, оҳангсоз, мусиқидон
Сабк шашмақом
Номи мустаъор Қодирӣ
Ҳамкорӣ Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ, Бобо Ҷалол, Бобо Ғиёс, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон

Зиндагинома вироиш

Аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ ворид шуда, маҳорати сарояндагию навозандагиашро дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд такмил дод. Асосгузори сулолаи мутрибони ҳирфаии Қодириён. Абдулқодир дар навохтану сурудани шохаҳои созию овозии «Шашмақом» («мушкилот», «наср», «савт», «гардун», «талқин») маҳорати баланд дошт. Барои такмили дониши назариявӣ ва амалӣ бо Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ (1851 – 1906), Бобо Ҷалол (1845 – 1982), Бобо Ғиёс (1859 – 1927), Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852 – 1936), Содирхон (1847 – 1931) ҳамкории эҷодӣ кардааст. Абдулқодир дар ҳавзаи Истаравшан анъанаи баёзнигории «Шашмақом»-ро идома дода, ба тадвини «Баёзи Абдуқодир» комёб шудааст. Анъанаи сарояндагию мутрибии Абдулқодирро писараш Абдурасули Ҳофиз (1919 – 89) ва набераҳояш Камол ва Ҷамол Қодирӣ идома додаанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Таджикская музыка, Д., 2003; Ҳакимов Н., Шашмақом дар қарни XX, Х., 2006;
  • Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.

Сарчашма вироиш