Абдулҷаббори Хуҷандӣ

Абдулҷаббо́ри Хуҷандӣ (форсӣ: عبدالجبار خجندی‎; ? – 1219, Хуҷанд) — шоир, нависанда ва ахтаршиноси форс-тоҷик,

Абдулҷаббори Хуҷандӣ
Таърихи таваллуд: 1219(1219)
Зодгоҳ: Хуҷанд
Навъи фаъолият: мунаҷҷим, шоир

Зиндагинома вироиш

Оид ба ҳаёташ маълумот нест. Аз Абдулҷаббори Хуҷандӣ асари манзуми нуҷумии «Ал-мадхал-ул-манзум фи аҳком-ин-нуҷум» («Мадхали манзум дар аҳкоми нуҷум») то замони мо расидааст. Ин асар дар байни аҳли адаб маъруф буд ва ба он мунаҷҷимони асрҳои баъдина (аз ҷумла соли 1520 Ҳабибуллоҳ ибни Муҳаммади Табиб) шарҳ навиштаанд. 55 нусхаи хаттии ин китоб дар китобхонаи донишгоҳҳои Теҳрон ва Язд, Музейи Британия, Покистон, Миср ва ғайра маҳфузанд. Асари номбурда ҳоло тадқиқ нашудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш