Абдулҷамил (хаттот)

Абдулҷами́л (форсӣ: عبدالجمیل کاتب‎; ? — 1505, Ҳирот) — котиб, хаттот ва настаълиқнависи форс-тоҷик.

Абдулҷамил
Зодгоҳ: Ҳирот
Таърихи даргузашт: 1505(1505)
Маҳалли даргузашт: Ҳирот
Навъи фаъолият: хаттот

Зиндагинома вироиш

Зодгоҳаш Ҳирот. Дар ҳамон ҷо ба камол расидааст. Дар навиштани хати настаълиқ хеле моҳир будааст. Абдулҷамил дар мадрасаи Султонияи Ҳирот аз сарфу наҳви арабӣ дарс гирифтааст. Аз осори хаттотии ӯ «Хамса»-и Навоӣ (китобаташ соли 1484) то замони мо омада расидааст, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз мебошад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш