Абдусалом Абдуллоев

Абдусалом Абдуллоев 15 декабр, 1951 — рассоми боистеъдод Тоҷикфилм. Дар Москав таҳсил кардааст. Бисёр эҷодиёташ дар маҷаллаҳои ба монанди Машъал ба нашр расидаанд.

Абдусалом Абдуллоев
Суратҳо
Таърихи таваллуд 15 декабр 1951(1951-12-15) (72 сол)
Зодгоҳ: Конибодом, ҶШС Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Дар мактаби санъат таҳсил карда соли 1970 онро хатм кардааст. Баъд ба факултаи санъати ВГИК дар шаҳри Москва дохил мешавад. Аз соли соли 1976 то 1992 дар киностудияи "Тоҷикфилм" ба ҳайси рассом фаъолият кардааст. Дар аввал рассом ороишгар буд, баъд тарроҳи саҳнаву либос ва коргардони ҳунарӣ дар 18 филмҳои ҳунарӣ ва телевизионӣ буд.

Соли 1992 ӯ ба унвони ороишгар наққош ба редаксияи маҷаллаи ҷавонон "Истиқбол" ба кор омад, ки дар он то имрӯз фаъолият мекунад. Дар соли 2002, намоишгоҳи инфиродии ӯ баргузор шуд. Абдуллоев иштирокчии бисёр намоишгоҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ аст, ва беш аз 35 китобҳои кӯдакона ва ҷавононро оро додааст[1].

Эзоҳ вироиш

  1. http://www.istiqbol.org/ru/staff/index.html Бойгонӣ шудааст 11 Январ 2012  сол. Истиқбол (дастраси 12 июли 2011)

Пайвандҳо вироиш