Абдуқаҳҳор Абдуллозода

Абдуқаҳҳор Абдуллозода́ (1893, деҳаи Қистакӯз, ноҳияи Хуҷанд1975, ҳамон ҷо) — омӯзгор, нахустин Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1942).

Абдуқаҳҳор Абдуллозода
Таърихи таваллуд 1893(1893)
Зодгоҳ деҳаи Қистакӯз, ноҳияи Хуҷанд
Таърихи даргузашт 1975(1975)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Хуҷанд
Ҷоизаҳо
Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1942)
Ордени Ленин
Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Зиндагинома вироиш

Соли 1914 дар зодгоҳаш аввалин мактаби русӣ кушода шуд ва Абдуллоева дар он ҷо савод омӯхт. Соли 1921 курси кӯтоҳмуддати муаллимиро дар шаҳри Тошканд хатм намуда, яке аз тарғиботчиёни намоёни маърифат дар ҷумҳурӣ гардид. Дар вазифаҳои гуногуни мақомоти маорифи Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои дароз директори мактаби миёнаи рақами 5-и ноҳияи Хуҷанд буд. Депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 2 – 4). Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш