Абдуҷалил Ҳошимов (1 январ 1944, ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд30 ноябр 2023, Бӯстон, Вилояти Суғд) — овозхон ва шашмақомсарои тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (1994).

Абдуҷалил Ҳошимов
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 1 январ 1944(1944-01-01)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 30 ноябр 2023(2023-11-30) (79 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1963
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон, оҳангсоз
Сабк шашмақом

Зиндагинома вироиш

Абдуҷалил Ҳошимов соли 1944 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст. Ӯ дар назди устодони мусиқии классикии «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев ва Шоҳназар Соҳибов таҳсил кардааст.

Корнома вироиш

Абдуҷалили Ҳошимов солҳои 1963—1994 овозхони ансамбли «Шашмақом»-и назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон буд. Дар солҳои 1994—2000 дар Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода ва солҳои 2000—2005 дотсенти кафедра дар Консерваторияи давлатии Тоҷикистон, фаъолият кардааст.

Сурудаҳо вироиш

Чанде аз оҳангу таронаҳои иҷрокардаи ӯ, ба мисли «Насри Уззол», «Талқинчаи Ироқи Бухоро», «Мустазоди Наво», «Талқини Баёт», «Уфари Ушшоқ», «Дустонро гум макун», «Муждаи завқи умед», «Тоҷикистон» ва дигарҳо дар хазинаи тилоии Радиои Тоҷикистон маҳфузанд.

Ҷоизаҳо вироиш

Дар соли 1974 унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва баъдтар дар соли 1994 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф шудааст.

Даргузашт вироиш

Абдуҷалил Ҳошимов 30 ноябри бри 2023 дар сини 79-солагӣ дар шаҳри Бустон даргузашт[1].

Эзоҳ вироиш

  1. Мирзонабии Холиқзод. Устоди "Шашмақом" Абдуҷалил Ҳошимов даргузашт(тоҷ.), Радиои Озодӣ (1 Декабри 2023). Проверено 13 Декабри 2023.