Абумузаффар Абевардӣ

Абумузаффар Абевардӣ (Абумузаффар Муҳаммад ибни Аҳмади Абевардӣ ; 1047, Абевард — 1113 Исфаҳон) — шоири арабизабони форс-тоҷик

Абумузаффар Абевардӣ
Абевардӣ Абумузаффар Муҳаммад ибни Аҳмад
Таърихи таваллуд: 1047(1047)
Зодгоҳ: Абевард
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Дар зодгоҳаш таҳсил карда ба камол расидааст. Бо мақсади таҳсили илм ба баъзе кишварҳои Арабистон сафар кардааст. Дар мадрасаи «Низомия»-и Бағдод муддате вазифаи китобдориро ба уҳда дошт. Дар асари Ёқути Ҳамавӣ «Мӯъҷам-ул-удабо» зимни маълумот оид ба Абевардӣ 13 асари илмии ӯ номбар шудаанд, ки аз онҳо «Таърихи Абевард ва Нисо», «Ал-Ансоб», «Табақот-ул-илм» ҷолибанд. Аз тавсифи ин асарҳо бармеояд, ки Абевардӣ муаррих, мунаққиди шеър, муҳаддиси маъруф будааст.

Осори боқимонда вироиш

Аз Абевардӣ девони ашъор боқӣ мондааст. Девони Абевардӣ шеърҳои ошиқона, шеърҳо дар васфи Наҷд, Ироқ ва ғайраро ба забони форсӣ ва арабӣ дар бар мегирад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш