Авангард (фр. avant-пешопеш ва grade-посбон) — мақоми ҳифозатӣ дар қушунҳои хушкигард ва флот, ки ҳангоми юриш барои муҳофизати онҳо пешопеши қувваҳои асосӣ ҳаракат мекунад.

«Дар авангард», расми Карл Пиппих (Karl Pippich), наздики соли 1910

Мақсад вироиш

Мақсади авангард роҳ надодан баҳамлаи ногаҳонии душман ба қувваҳои асосӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои омода шудан ба ҷанг, инчунин бартараф намудани монеаҳо дар самти ҳаракати қӯшун мебошад. Ҷудокунии қувваю воситањо дар ҳайати авангард ва дуршавии он аз қувваи асосӣ ба вазъият ва вазифаҳои пешгузошта вобаста аст.

Адабиёт вироиш

  • В. И. Даль, Толковый словарь, 1863 — 1866 годов.
  • Советским Вооружённым Силам — 60 лет (Сопроводительный текст, часть вторая) / Н. И. Кобрин, Б. П. Фролов. — М.: Знание, 1978. — 32 с.
  • Военный энциклопедический словарь (ВЭС), М.: Воениздат, 1984. — 863 с. с ил., 30 л. (ил.);

Сарчашма вироиш

Авангард // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.