Авҷӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Дар Бухоро ба дунё омада, дар назди тазкиранигор Хоҷа Ҳасани Нисорӣ таҳсил кардааст. Ба сабаби тангдастӣ ба Балх рафтааст. Тазкиранигори дигари садаи XVI Мутрибӣ Авҷиро чун шахсияти эҷодкори мумтоз, ашъорашро «ҷонпарвар» тавсиф намудааст. Аз девонаш иттилое нест. Намунаҳои ашъораш ба тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд.

Авҷӣ
Номи пурра Авҷӣ
Зодгоҳ: Бухоро
Навъи фаъолият: Шоир

Ин рубоӣ аз ӯст:

Ҷоне дорам, ки толиби озор аст,

Дарде дорам, ки аз даво безор аст.

Гӯше дорам, ки нағмаи ғамшунав аст,

Чашме дорам, ки чашми ҳасратбор аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш