Азимои Нишопурӣ (форсӣ: عظیمای نیشابوری‎; ? — 1698, Нишопур) — шоири форс-тоҷик.

Азимои Нишопурӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1698
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Дар зодгоҳаш — Нишопур таҳсил кардааст. Бо тахаллуси «Азим» ва «Азимо» шеър гуфтааст. Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ Азимои Нишопурӣ дар шеъру шоирӣ «шӯҳраи офоқ…» буд. Махсусан, дар Мовароуннаҳр шуҳрати тамом доштааст. Ду нусха аз девони ашъори Азимои Нишопурӣ боқӣ мондааст, ки яке дар китобхонаи Музейи Британия ва дигаре дар Китобхонаи Авади шаҳри Банкипур маҳфузанд. Ҳар ду нусха мукаммал буда, дар онҳо ғазалиёт, қасоид, рубоиёт, таркиббанду тарҷеъбандҳо ва қитъаҳои сурудаи Азимои Нишопурӣ фароҳам омадаанд.

Аз Азимои Нишопурӣ инчунин маснавие бо номи «Фавзи Азим» боқӣ мондааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш