Азимҷон Аминов (тав. 11 майи 1951, Душанбе) — адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик.

Азимҷон Аминов

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи факултети филологияи УДТ (1974). Аспиранти Институти адабиёти ҷаҳонии АИ СССР (1977 — 80), ходими илмии ИЗА ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ (1981 — 98), сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва иртибот бо омма ва шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ (1998—2003), ноиби ректори ДДСТ ба номи М. Турсунзода (2003 — 06), ноиби ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон (2006 — 08). Аз соли 2009 дотсенти кафедраи назария ва амалияи ВАО-и ДСРТ.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Ба таҳқиқи адабиёти замони шӯравӣ машғул шудааст. Дар китоби «Рубоӣ ва лирикаи фалсафӣ дар шеъри шӯравӣ» (1988), хусусияти осори назмии с-ҳои 80 садаи 20-и тоҷикро бозгӯ кардааст. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ доир ба назарияи тарҷума ва жанрҳои журналистика. Барои донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи журналистика ва филология китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таълиф намудааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1992.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш