Азоимид (HN3) — кислотаи бо гидроген ҳосилкардаи нитроген. Моеи беранг буда, бӯи тез дорад; моддаи заҳрнок аст; ҳарор. ҷӯш. – 37°С, ҳарор. гуд. – 80°С. Ҳангоми каме зарба задан ё соиш додан метаркад. Аз ҳосилаҳои Азоимид диазобензолимид (фенилазоимид) C6H5N3 маълум аст. Он моеи зарди равғанмонанд буда, дар об ҳал намешавад, дар этанол ва эфир бад ҳал мегардад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш