Алдегидҳо (аз лот. alcohol dehydrogenatus — алкоголи бегидроген) — синфи пайвастҳои органикӣ. Дар таркиби худ гурӯҳи карбонили (> С = О) бо радикали органикӣ (R) ва атоми гидроген (Н) пайваст доранд (R – CHO).

Алдегидҳо

Номи алдегидҳо вироиш

Номи баъзе намояндаҳои алдегидҳо, одатан, аз номи кислотаи дахлдор бармеояд (масалан, ба кислотаи сирко алдегиди сирко ё атсеталдегид мувофиқат мекунад). Ҳарорати ҷӯшиши алдегидҳо нисбат ба ҳарор. ҷӯшиши спиртҳои ба онҳо дахлдор паст мебошад. Алдегидҳо дар спирт ва эфир хуб ҳал мешаванд. Онҳоро бо усули нопурра оксидонидан ё дегидрогенонидани спиртҳои якумин аз дигалогенидҳо бо таъсири об ҳосил мекунанд. Усули бо роҳи оксидонидани пропилен ҳосил кардани акролеин ва бо роҳи гидратонидани атсетилен дар иштироки намакҳои дувалентаи симоб ҳосил кардани алдегиди сирко (реаксия Кучеров) аҳамияти саноатӣ дорад. Дар май алдегидҳои қатори алифатӣ ва ароматӣ, баъзан қатори фуранӣ мавҷуданд. Алдегидҳои алифатӣ ба май таъм ва бӯйи хос мебахшанд. Яке аз хосиятҳои муҳими алдегидҳо дар он аст, ки онҳо бо кислотаи сулфит ва намакҳои турши он, ҳамчунин бо аммиак ва ҳосилаҳои он ба реаксия медароянд:

R – CHO + NaHSO3 → R – CH(OH) (SO3Na) R – CHO + NH3 → H2O R – CH = NH

Алдегидҳо дар маҳлулҳои обӣ дар шакли гидратҳо мавҷуданд. Миқдори умумии Алдегидҳои алифатӣ дар афшураи ангур 1 – 7 мг/дм3 ва дар май 15 – 20 мг/дм3 аст. Илова бар ин дар май пара-оксибензалдегид С6Н4(НО) – СНО ва алдегиди дорчин С6Н5 – СН = СН – СНО низ ёфт шудааст. Ба Алдегидҳои қатори ароматӣ аксарияти реаксияҳои химиявии Алдегидҳои алифатӣ хосанд. Алдегидҳои ароматӣ дар маҳлулҳои обӣ гидратҳо ҳосил намекунанд. Онҳо ба спиртҳо бо душворӣ таъсир мерасонанд. Алдегидҳои ароматӣ бӯйи баланди меваҷотро доранд. Хусусан бӯйи ванилин ва алдегиди дорчин зуд ҳис карда мешавад. Ҳангоми дар чалакҳои булутӣ расондани майҳои оташгуҳар ва десертӣ Алдегидҳои ароматӣ аз ҳисоби таҷзияи лигнини булут (то 3,6 мг/дм3) ҳосил мешаванд. Ба бӯйи май фақат ванилин ва алдегиди конферил метавонанд таъсир расонанд, зеро миқдори дигар Алдегидҳои ҳаднок дар май нисбатан кам аст. Алдегидҳо аз ҷиҳати химиявӣ хеле фаъоланд. Алдегидҳо зуд оксид шуда, ба кислотаҳо табдил меёбанд.

RCHO + Aq2O → RCOOH + 2Aq.

Реаксияи мазкур реаксияи оинаи нуқрагин ном дошта, дар оинасозӣ истифода мешавад. Дар натиҷаи ба алдегидҳо пайваст шудани гидроген, об, спирт, кислотаи сианид, бисулфати натрий ва ғайра мувофиқан спирти якумин, гидрати алдегидҳо, атсетал, α-оксисулфокислота, сиангидрин ва ғайра ҳосил мешаванд. Аксари ин пайвастҳо барои синтези моддаҳои муҳим истифода мегарданд. Алдегидҳо ба реаксияи полимеризатсия низ майл доранд. Macалан, дар натиҷаи он баъзан полимерҳои сиклӣ ва гоҳо полимерҳои ғайрисиклии дарозии молекулаашон гуногун ҳосил мешаванд. Яке аз реаксияҳои муҳими алдегидҳо конденсатсияи алдолӣ аст. Маҳсули он алдол (алдегидоспирт) мебошад. Ба реаксияи мазкур танҳо алдегидҳое, ки дар α-мавқеъ нисбат ба гурӯҳи алдегидӣ атоми гидроген доранд, дохил мешаванд.

Истифода вироиш

Алдегидҳо дар истеҳсоли зифҳои фенол-алдегидӣ, ҳамчун моддаҳои хушбӯй (ванилин, ситрал ва ғайра), чун мавод барои синтези моддаҳои дигар, масалан, алдегиди сирко, кислотаи сирко, этилатсетат, олефинҳо ва полиенҳо истифода мешаванд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Коррер П., Курс органической химии, Л., 1962;
  • Несмеянов A. Н., Несмеянов Н. А., Начало органической химии, т. 1, М., 1969;
  • Степаненко Б. Н., Курс органической химии, М., 1981;
  • А. А., Органическая химия, М., 1981;
  • Родопуло А. К., Основы биохимии виноделия, М., 1983.

Сарчашма вироиш