Мавлоно Алиасғари Кошӣ (форсӣ: مولانا علی‌اصغر کاشی‎; зод. 1500-ум, Кошон, Устони Исфаҳон[1]) — мусаввири форс-тоҷик, падари Ризо Аббосӣ.

Алиасғари Кошӣ
Таърихи таваллуд 1500-ум
Зодгоҳ:
Мамлакат:
Жанр наққошии манзара[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Алиасғари Мусаввир аслан аз Кошон буда, қариб тамоми умр дар Машҳад зистааст. ӯ дар китобхонаи ҳокими Машҳад Мирзо Иброҳим ба ҳунари мусаввирӣ машғул будааст. Искандари Муншӣ дар «Таърихи оламорои Аббосӣ» Алиасғари Мусаввирро дар радифи наққошон ва мусаввирони дарбори шоҳ Таҳмосб ном бурдааст. Алиасғари Мусаввир шогирдони бисёреро ба камол расонидааст. Қозӣ Аҳмад худро аз шогирдони Алиасғари Мусаввир медонад. Мусаввири машҳур Оқо Ризо писари Алиасғари Мусаввир буда, тамоми назокати наққоширо аз падараш омӯхтааст. Қозӣ Аҳмад ӯро дар ҳунари наққошӣ бо Монниву Беҳзод дар як радиф гузоштааст.

Мутаассифона, намунае аз осори Алиасғари Мусаввир то ба имрӯз дастрас нашудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Кази Ахмед, Трактат о калиграфах и художниках, М. — Л., 1947;
  • پارسادوست، منوچهر (۱۳۸۱). شاه اسماعیل دوم شجاع تباه شده. تهران. صفحه ۱۶۵: شرکت سهامی انتشار. شابک ۹۶۴۳۲۵۱۰۶۳.