Алӣ Мирзоалии Бадахшӣ (? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Алӣ Мирзоалии Бадахшӣ
Зодгоҳ: Бадахшон
Навъи фаъолият: шоир

Эҷодиёт вироиш

Пас аз касби камол аз зодгоҳаш Бадахшон ба Ҳиндустон сафар кард ва ба хидмати дарбори Акбар роҳ ёфт. Муншӣ буд. Тазкиранависон, аз ҷумла Ҳусайнқулихони Азимободӣ («Нештари ишқ») аз ӯ чун шоири хушбаён ёд кардаанд. Дар анвои гуногуни шеър, махсусан, қасидаву рубоӣ асарҳо офаридааст.

Ин байт аз ӯст:

Гар мӯнису ҳамдаме гаҳе доштаме,
З-ӯ чораи марҳаме даме доштаме.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Ҳусайнқулихони Азимободӣ, Нештари ишқ, кит. 3, Д., 1983.