Алоуддин Муфтии Бухороӣ

Алоуддин Муфтии Бухороӣ (тав. ва вафот номаълум) — муаррих ва фақеҳи машҳури тоҷик (асри 13)

Алоуддин Муфтии Бухороӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муаррих, фақеҳ
Вироиши Викидода

Зиндагинома вироиш

Алоуддин Муфтии Бухороӣ аввалин донишмандест, ки масъалаҳои шаръӣ ва шарҳу мисолҳои шариатро ба забони тоҷикӣ нигошта, дар ин замина бештар аз 250 масъалаи қонуну қоидаҳои шариатро эзоҳ ва шарҳу тафсир намудааст.

Осори илмӣ вироиш

Аз мероси илмии ӯ «Ҳайрат-ул-фуқаҳо ва хиҷлат-ил-фузало» (Ҳайрати фақеҳон ва хиҷолати фозилон) ва «Аъзо» ба мо расидаанд, ки китоби аввал роҷеъ ба масъалаҳои ҳуқуқӣ буда, китоби дуюм идомаи мантиқии китоби аввал мебошад. Алоуддин Муфтии Бухороӣ аксаран масоили ҳуқуқиро дар асарҳояш ба тариқи саволу ҷавоб зикр карда, кӯшидааст, ки доираи нуфузи исломро дар Осиёи Марказӣ васеътар ва манзалату мартабаи онро баландтар бардорад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш