Амнияти муҳити зист

(Тағйири масир аз Амнияти Муҳити Зист)

Амнияти Муҳити Зист (Environmental Security аз забони инглисӣ)- тафсир ва маънои гарав ё амнияти байналмилалӣ борҳои зиёде мавзӯъи бахсу музокираи сиёсатшиносон ва дигар олимон шуда буд. Пас аз Ҷанги Ҷаҳонӣи дуввум, ин мавзӯъ маъмулан ба акидаи "Realpolitik" - Сиёсати Зурӣ ё Сиёсати Амалӣ - кӣ дар ҷараёни ҷанги сард байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Шуравӣ ба вучуд омад, хеле монанд карда мешуд. Пас аз фуру рехтани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба поён расидани кашмакаш мобайни ин ду кишвари неруманд, баҳсу мунозираи илмӣ дар бораи шарҳи амният бештар афзуд. Дар ин марҳила фаҳмиши нави амният на танҳо таҳдиди ҳарбӣро дар бар мегирифт, балки дигар таҳдидҳоро, кӣ ба пойдорӣ ва сулҳ таъсир доранд, аз он ҷумла хатарҳои табиӣро шомил мекард. Баъдтар ин соҳа ҳамчу "Environmental Security" (инглиси) - Амнияти Муҳити Зист ба вуҷуд омад. Ҳаводорони ин ақида далел пеш меоранд, кӣ олудасозӣи муҳити зист, низоъи сиёсӣ, бархурди шадид, ва сиёсати истифодаи захираҳои табиат ба омилҳои муҳити зист ва офатҳои табиӣ пайвастагӣи мустақим ва ғайримустақим доранд. Воқеъан имруз захираҳои табиат то андозае сиёсати хоричӣ ва сиёсати иқтисодӣи ҳар кишварро муаян месозад. Ин риштаи нисбатан нави илмӣ, кӣ фаврӣ инкишоф меёбад, барои онҳое, кӣ мавзӯъи "захираҳои камёби табиат ва вобастагӣи онҳо ба низоъ дар кишварҳои дар ҳоли тавсия" баррасӣ мекунанд пурбаҳо гашта аст. Бархе аз нахустин пажуҳишгарони барҷаста дар ин соҳа Феликс Доддс, Норман Майэрс, Ҷэсика Мэтюс, Ричард Улман, Артур Уэстинг, Томас Ҳомер Диксон, Ҷэфри Дабелко, Питер Глик, ва Ҷосеф Ромм мебошанд.

Барномаи Millennium Project таърифи амнияти муҳити зистро ташхис дода сохти зеринро пешкаш намуд: амнияти муҳити зист, ин зистпазирӣи табиат барои пойдорӣи ҳаёт аст, ва се унсури тобеъ дорад:

  • пешгири ва ё таъмир кардани зарарҳои ҳарбӣ ба муҳити зист,
  • пешгири ва ё ислоҳ кардани низоъ, ки сарчашмаи он захираҳои табиат буд, ва
  • нигаҳдорӣи муҳити зист барои қадри маънавӣи он.

Нигаред вироиш

Сарчашма вироиш

Пайвандҳо вироиш