Андрей Антонович Гречко (17 октябр 1903[1], Куйбишево[d], Don Host Oblast[d][1]26 апрел 1976[2][3][4][…], Маскав[1]) — сипаҳсолори шӯравӣ, генерали артиш, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ (1955), ду бор Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1958, 1973). Аз соли 1919 дар сафи Артиши Шӯравӣ; дар ҷангҳои дохилӣ ширкат кард.

Андрей Гречко
Зодрӯз 17 октябр 1903(1903-10-17)[1]
Таърихи даргузашт 26 апрел 1976(1976-04-26)[2][3][4][…] (72 сол)
Мансубият
Солҳои хидмат саворанизом[d] ва пиёданизом[d]
Қисм Marshal of the Soviet Union[d], сарвашт, саргурд, podpolkovnik[d], полковник, генерал-майор, генерал-лейтенант, Сипаҳсолор ва генерали артиш[d]
Равобит
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1936) ва Академияи ҳарбии Ситоди кулл (1941). Дар мақомҳои фармондеҳию ситодӣ хидмат кардааст. Дар нахустин рӯзҳои ҶБВ (1941-45) дар Ситоди кулли Артиши Шӯравӣ кор кард, баъдан фармондеҳи дивизия ва корпусҳои савораи Ҷабҳаи Ҷанубӣ, баъд фармондеҳи армияҳои 12-ум, 47-ум, 18-ум, 56-ум ва Ҷабҳаи 1-уми Украина буд. Дар озод кардани Украина, Лаҳистон ва Чехославакия ширкат дошт. Солҳои 1945-53 фармондеҳи Округи ҳарбии Киев, 1953-57 сарфармондеҳи Гурӯҳи неруҳои ҳарбии шӯравӣ дар Олмон. Солҳои 1957-60 ҷонишини аввали вазири дифои ИҶШС — сарфармондеҳи ҳарбии қувваҳои хушкигард, 1960-67 сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи муттаҳидаи мамлакатҳои Шартномаи Варшава ва аз апрели 1967 вазири дифои ИҶШС буд. Узви Бюрои Сиёсии КМ ҲКИШ (аз 1973), депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 2-9).

Ҷоизаҳо вироиш

Бо 6 ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурх, 2 ордени Суворов (дараҷаи 1), 2 ордени Кутузов (дараҷаи 1), ордени Суворов (дараҷаи 2), ордени Богдан Хмелнитский (дараҷаи 1), бисёр орденҳои хориҷӣ ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Осор вироиш

  • Через Карпаты. 2 изд. М., 1972;
  • Битва за Кавказ. 2 изд. М., 1973. Освобождение Киева. М., 1973;
  • Годы войны, 1941—1943. М., 1976.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш