Андромедиҳо
Андромедиҳо — сели метеорӣ (шиҳобҳо), ки радианти он дар бурҷи Андромеда воқеъ аст. Бо таҷзияи кометаи Биэла алоқаманд мебошад. Бори нахуст соли 1872 мушоҳида шудааст. Дар натиҷаи ба мадори андромедиҳо таъсир расондани сайёраи Муштарӣ ин сел дар садаи XX камметеор шудааст.
Эзоҳ вироиш
Сарчашма вироиш
- Андромедиҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.