Анзурат Ҷӯрабекова

Анзурат Ҳалимбековна Ҷӯрабекова (Тав. 27.09.1949, ш. Душанбе) — омӯзгор. Корманди шоистаи маорифи халқи Тоҷикистон (1977).

Анзурат Ҷӯрабекова
Анзурат Ҳалимбековна Ҷӯрабекова
Таърихи таваллуд 27 сентябр 1949(1949-09-27)
Зодгоҳ Душанбе
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Дастпарвари Омӯзишгоҳи тиббии ш. Душанбе (1968). Як сол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино таҳсил намуда, бинобар вазъи оилавӣ ба факултаи психологияи (равоншиносӣ) ИПД ба номи Т.Г. Шевченко таҳсилро давом дода, онро соли 1973 хатм кардааст. Мураббияи кӯдакистони №83 «Бунафша» (1973-1976), китобдор (1977-1985). Аз соли 1985 – омӯзгори фанни педагогогика, равоншиносӣ, анатомия, гигиена дар Колеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон. Барои такмили ихтисос борҳо ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардааст. Корманди шоистаи маорифи халқи Тоҷикистон (1977). Бо ҷоизаҳои соҳавӣ қадр карда шудааст.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — 184 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6