Апеллес (юнонӣ: Apelles; 370 то м., Colophon[d], Вилояти Измир306 то м., Kos[d], South Aegean Region[d][1]) — яке аз бузургтарин мусаввирони Юнони Қадим (нимаи дуюми садаи IV то м.)

Апеллес
Apelles
Суратҳо
Таърихи таваллуд 370 то м.
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 306 то м.
Маҳалли даргузашт
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Апеллес мусаввир ва портретнигори дарбори Искандари Мақдунӣ буд. Мувофиқи маълумоти муаррихони қадим Апеллес ҳунарманди чирадаст буда, чандин портрети Искандарро кашидааст; дар як мусаввара Искандар савори аспе ва дар дигараш ҳамчун Зевс тасвир ёфтааст. Ӯ ҳамчунин портрети шоҳ Антигонаро низ кашидааст. Аз мусаввараҳои офаридаи ӯ портрети Афродита нодиру муассиртар буд; дар ин мусаввара Афродитаи аз баҳр бароянда тасвир ёфтааст, ки нисфи бадани даруни обаш нисбати шаффофии об намудор мегашт. Тарзу услуби тасвири Апеллес воқеӣ буда, аз истеъдоди мусаввир шаҳодат медиҳанд.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Апеллесъ (рус.) // Энциклопедический лексиконСПб.: 1835. — Т. 2. — С. 400—401.

Адабиёт вироиш

  • Боннар А., Греческая цивилизатция, т. 1, М., 1958;
  • Дамашнев А., Дроздова Т., Из глубины веков. — М., 1958.Б. Раҳматов