Арал (деҳа, н. Абдураҳмони Ҷомӣ)

Арал — деҳа, маркази ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Аз Арал то маркази ноҳия шаҳраки Куйбишев 8 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3012 нафар (2017), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо зиндагонӣ мекунанд.

Деҳа
Арал
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3012 тан (2017)
Миллият тоҷикон, ӯзбакҳо
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3243

Иқтисод вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, китобхона, клуб, нуқтаҳои хизмати маишӣ ва 10 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз канали Хоҷақалъа обёрӣ мешаванд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш