Ассотсиатсия (биология)


АССОТСИÁТСИЯ дар биология, маҷмӯи организмҳои ҳамҷинси наботӣ ва ҳайвонӣ, ки дар шароити ягона вуҷуд доранд. Ассотсиатсия бо шароити муҳит – иқлим, хок ва олами ҳайвоноти ҳамон маҳал алоқаманд аст. Барои ҳар ассотсиатсияи наботот борварии муайян хос мебошад. Ҳангоми тағйир ёфтани шароит ва таркиби флора ассотсиатсия низ дигаргун мешавад. Масалан, ассотсиатсияи бешаҳои паҳнбарги ҳозира дар раванди таърихии инкишофи наботот имкон дорад, ки ба ассотсиатсияи дигар табдил ёбад. Қитъаҳои наботот дар натиҷаи тағйирёбии релеф, шароити ҳидрологӣ ва хок, инчунин зери таъсири бевосита (масалан, алафдаравӣ, буридани беша, сохтани обанборҳо) ва бавосита (масалан чаронидани чорво) дигар­гун мешаванд. Ассотсиатсияҳо вобаста ба иқлим, хок ва шароити маҳал гуногун мешаванд: масалан, ассотсиатсияи санавбарзор ва брусника дар қабати хокҳои хушки камҳосил; ассотсиатсияи санавбарзор бо бутта дар хокҳои намнок ва ғайра Дар вақти муайян кардани бешазор ва чарогоҳҳо хусусияти ассотсиатсияи асосиро ба эътибор мегиранд. Масалан, ҳангоми таҳияи харитаи алафзор ассотсиатсияҳои алоҳидаро ҳатман қайд мекунанд.

Адабиёт вироиш

/ М. Давлатов