Афъӣ (Echis carinatus) — мори афъӣ, афъо, эфа — як навъ мори заҳрнок.

Афъӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Мавзеъҳои дучоршавӣ вироиш

Дар Африқои Шимолӣ, Эрон, Ироқ, Афғонистон, Ҳиндустон,,Осиёи Марказӣ ва дигар мавзеъҳо дучор меояд. Дар Тоҷикистон асосан дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ вомехӯрад. Дар шароити мусоид миқдори афъӣ хеле зиёд мешавад. Масалан, дар водии дарёи Мурғоб аз масоҳати 1,5 км2 моргирҳо дар тӯли 7 сол зиёда аз 2 ҳазор адад мори афъӣ гирифтаанд. Дар Осиёи Марказӣ аз охири феврал то июн рӯзона ва тобистон шабона фаъол мешавад.

Шакл вироиш

Дарозиаш 50–60 (баъзан 70–80) см; нарина аз модинааш дарозтар аст. Сараш пулакчаҳои майдаи нуқратоб дорад (дар фарқи сараш нақши салибшакл мавҷуд аст), рангаш хокистарӣ.

Макони зист вироиш

Маъмулан дар хомаҳои рег, даштҳои зардхок, буттазорҳо, харобазор ва дигар ҷойҳо зиндагӣ мекунад. Моҳҳои июл–август насл медиҳад (3–15 бача мезояд; дарозиашон 10–16 см). Ғизои афъӣ асосан хояндаҳои хурд, калтакалос, парандаҳои хурд ва қурбоқа мебошад. Заҳри мори афъӣ барои ҳайвоноти хурд (муш, калламуш, калтакалос ва ғайра) марговар аст. Аз заҳри афъӣ доруҳои гуногун тайёр мекунанд.[3]

Эзоҳ вироиш

  1. Integrated Taxonomic Information System (ингл.) — 2004.
  2. The Reptile Database (ингл.) / P. Uetz — 2015.
  3. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.130 / Т. Наҷмиддинов.
  • Чернов С. А., Фауна Таджикской ССР, Т. 18;
  • Пресмыкающиеся, Д., 1959; Ананьева Н. Б., Боркин Л. Я. Земноводные и пресмыкающееся ⁄⁄ Энциклопедия природы России. М., 1998.