Афғонободдеҳа дар ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор. Аз Афғонобод то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 692 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Деҳа
Афғонобод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 692 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Ном вироиш

Сабаби «Афғонобод» ном гирифтани деҳа он аст, ки аввалин ободкунандагони он халқияти паря, ки забонашон ба гурӯҳи ҳиндии забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад ва худро миллати афғон меҳисобанд, мебошанд.

Иқтисод вироиш

Ҳоло дар Афғонобод мактаби асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, осиёби обӣ, мағоза, 2 осиёби барқӣ, ҷувози обӣ, панҷ ҷувози барқӣ ва масҷид фаъолият доранд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Хонақоҳ обёрӣ мешаванд[2].

Эзоҳ вироиш

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. Донишномаи Ҳисор. — Д.: "Ирфон", 2015, — С. 141-142