Ашиъату-л-ламаъот (асари Ироқӣ)

«Ашиату-л-ламаот» (ар. اشعة اللمعات‎ — тобишҳои китоби «ал-Ламаот») — яке аз тарҳҳои «Ламаот»-и Фахруддини Ироқӣ ба забони форсӣ, ки онро Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ таълиф кардааст.

Ашиъату-л-ламаъот

Худи «Ламаъот» як рисолаи фалсафӣ-ирфонии насрӣ ба забони форсӣ буда, Фахруддини Ироқӣ дар он асосҳои назарияи ваҳдати вуҷуди шайх Ибни Арабиро дар 28 ламъа (фасл) бо обу ранги бадеӣ ва ба тариқи рамзу ишорати дур аз фаҳми омма баён кардааст, ки дар натиҷа на ҳар кас маънои онро ба осонӣ фаҳмидан метавонад. Бинобар он, вақте ки Алишер Навоӣ хост ин рисоларо дар назди Абдурраҳмони Ҷомӣ мутолаа кунад, Абдурраҳмони Ҷомӣ барои ӯ ин шарҳи худро навишта, бар ӯ тақдим намуд. Дар замонҳои гуногун бар ин рисола 29 шарҳ таълиф (навишта) шудааст, ки аз ин миён шарҳи Ҷомӣ яке аз шарҳҳои маъруф ва беҳтарини он маҳсуб мешавад ва дар Эрон борҳо ба табъ расидааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Е. Э. Бертельс. Навои и Джами. М., 1965;
  • Б. Мақсудов. Ҷустуҷӯ дар аҳвол ва осори Ироқӣ. Д., 2009.

Сарчашма вироиш