Áҳли нифóқ (ар. اهل نفاق‎), одамони дурӯ — ин истилоҳ нисбат ба гурӯҳе ва ё одамоне итлоқ мегардад, ки дар баробари ҳақоиқ ва дар назди арбоби давлат ва ҳар ниҳод ва мақоми тавоное аз худ дурӯягӣ ва душахсиятӣ нишон медиҳанд, дар зоҳир бо онҳо ҳамсозӣ ва ҳамраъйӣ доранд, вале дар ботин нисбат ба онҳо кудурат ва душманӣ меварзанд. Ин истилоҳро Қуръон бори аввал дар муҳити даъвати Мадина ба гурӯҳе аз мардум ба кор бурд, ки дар бархурд бо ислом роҳи нифоқро пеш гирифтанд. Онҳо бо тазоҳур ба ислом ва бо изҳори меҳварҳои асосии имон – имон ба Худо ва ба рӯзи қиёмат зоҳирпарастӣ мекарданд, дар ҳоле ки дар ботини худ ба ислом эътиқод надоштанд.

Дар ҳаёти иҷтимоӣ низ Аҳли нифоқ дар ҳар давру замон боиси парешонии авзои фикрӣ ва иҷтимоии мардум мегарданд. Онҳо дар миёни мардум бо афкандани тухмҳои кинаву адоват ва ҳар гуна фитнаву фасод ҷомеаро аз инкишофи солим бозмедоранд ва бо ҳамон марази ботинии худ, ки навъе аз бемориҳои иҷтимоӣ ва равонӣ ба шумор меравад, ба дигарон низ сироят мебахшанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011;
  • ابو بکر جعفر بن محمد الفریابی. صفة النفاق و ذم المنافقین. بیروت، ۱۹۹۰؛
  • مسند الامام احمد. القاهرة، ۱۹۹۵؛
  • ابو نعیم بن عبدالله الاصفهانی. صفة النفاق و نعت
  • المنافقین. بیروت ۲۰۰۱؛
  • المصباح المنيرفی تهذيب تفسير ابن کثير. الریاض، ۲۰۰۲؛
  • سنن الترمذی. بيروت، ۲۰۰۴؛
  • صحیح مسلم. بیروت، ۲۰۰۵؛ ؛
  • صحیح البخاری. بیروت، ۲۰۰۷؛

Сарчашма вироиш