Аҳмад Абдуллоев (15 марти 1936, деҳаи Бибиширин, ноҳияи Бойсун, ҶШС Узбекистон — 24 июни 2022, Узбекистон) — адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1984).

Аҳмад Абдуллоев
Таърихи таваллуд 15 март 1936(1936-03-15)
Зодгоҳ ноҳияи Бойсун
Таърихи даргузашт 24 июн 2022(2022-06-24) (86 сол)
Маҳалли даргузашт Узбекистон
Фазои илмӣ филология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология (1984)

Зиндагинома вироиш

Аҳмад Абдуллоев, ки 15 марти соли 1936, дар деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Соли 1957 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст.

Дар даҳаи 1990, баъди шурӯъи Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба зодгоҳаш кӯчид ва тақрибан 26 соли охири умр дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекард[1].

Корнома вироиш

Муаллими мактаби миёна дар Бойсун (1957—1959), аспиранти АИ ҶТ (1959—1962), ходими илмии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (1962—1988), профессор УДТ (1988—1990), мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДАТ (1990—1996). Аз соли 1996 профессори кафедраи филологияи Донишкадаи давлатии шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Зиёда аз 10 монография ва 200 рисолаву мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-методӣ таълиф намудааст. Абдуллоев асосан ба адабиёти форс-тоҷики асрҳои 11 — 12 ва намояндагони он Адиб Собири Тирмизӣ, Заҳири Форёбӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Абулфараҷи Рунӣ ва дигар таваҷҷуҳи хосса дорад. Дар баробари омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоирону адибони мазкур дар навиштаҳои Абдуллоев ҷараёни адабии ин қарнҳо, масъалаҳои анвоъ ва услуби шеър, махсусан ашъори ғиноӣ, майлу равияҳои адабӣ, хусусиятҳои иҷтимоии адабиёт, оҳангҳои демократӣ ва оҳангҳои «деҳқонӣ»-и назм, хусусияти адабиёти дарборӣ ва ғайра таҳлилу баррасӣ шудаанд. Бозёфтҳои Абдуллоев дар омӯзиши осори Рӯдакӣ, кашфи абёти нав, қасидаи «Фиғония»-и Рӯдакӣ ҷолиби диққатанд. Абдуллоев дар баробари таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти як зумра шоирону нависандагон осори онҳоро низ ба табъ расонидааст. Девони комили Адиб Собири Тирмизии омоданамудааш соли 2001 ба табъ расид ва барои ин кор ӯ ҷоизаи махсуси Президенти ҶИЭ Сайид Муҳаммади Хотамиро гирифт. Аз охири солҳои 90 садаи XX Абдуллоев ба омӯзиши масъалаи басо муҳимми адабиётшиносии тоҷику ӯзбек — равобити адабии ин ду халқ дар мисоли Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, Навоӣ ва таваҷҷуҳаш ба ашъори Рӯдакӣ, Анварӣ, Навоӣ ва шоирони Бадахшон машғул аст. Абдуллоев натанҳо муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик, балки муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷик низ мебошад. Дар бораи С. Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Лоиқ, М. Қаноат, Гулназар, Б. Собир ва диг. мақолаҳои пурмӯҳтаво нигоштааст. Китоби «Мирзо Турсунзодасри Шеър ва достонҳо» (бо ҳамкории П. Турсунзода, Д., 1991) намунае аз заҳмати Абдуллоев дар ин бобат аст. Таҳти роҳбарии Абдуллоев 10 нафар рисолаҳои номзади илмро дифоъ намудаанд. Абдуллоев дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок кардааст.

Даргузашт вироиш

Аҳмад Абдуллоев 24 июни 2022 дар синни 86 дар Узбекистон даргузашт[1].

Осор вироиш

  • Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XI ва аввали асри XII (ҳамроҳи С. Саъдиев), Д., 1986;
  • Сабақи Рӯдакӣ, ҷилдҳои 1, 2, Д., 1984, 1991;
  • Абулқосими Фирдавсӣ, Д., 1987;
  • Адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 9), Д., 1990;
  • Тасаввуф ва намояндагони он, Тошкент, 2009.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш