Бабуин, павиани зард (лот. Papio cynocephalus) — як навъ маймун. Мансуби ҷинси павианҳост. Дарозии баданаш 75 см, думаш – 60 см, рангаш зард. Бабуин дар Африқои Марказӣ ва Шарқӣ паҳн гаштааст; дар дашту минтақаҳои кӯҳӣ сукунат дорад. Ҳайвони чолок, серҳаракат аст. Бабуинҳо гурӯҳ-гурӯҳ (ҳар гурӯҳ тақр. аз 80 сар бабуин иборат аст) мегарданд. Сардори ҳар гурӯҳ бабуинҳои наринаи калон мебошанд. Онҳо «аъзо»-и гурӯҳро аз хатар ҳифз мекунанд. Ғизои бабуинҳо решаи рустанӣ, мева, ҳашарот, ҷонварони хурд мебошанд. Ба ҷуворимакказор ва киштзори арзан хисороти зиёд меорад. Бабуинро дар ҳайвонотхонаҳо низ нигоҳ медоранд

Бабуин
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Papio cynocephalus Linnaeus, 1766
Ареал
тасвир
Вазъияти ҳифз

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш