Бармакӣ, Муҳаммад ибни Ҷаҳм

Муҳаммад ибни Ҷаҳми Бармакӣ (? — 833) — мутарҷими осори паҳлавӣ ба арабӣ, шоири арабизабони эронинажод.

Бармакӣ, Муҳаммад ибни Ҷаҳм

Зиндагинома вироиш

Дар китобҳои муътабари таърихии арабиву форсӣ, аз ҷумла «ал-Феҳрист»-и Ибни Надим, «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ», «ал-Бадъ ва-т-таърих»-и Муқаддасӣ, «Муҷмал-ут-таворих ва-л-қисас» (муаллифаш номаълум), «Китобу-л-ағонӣ»-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ аз Муҳаммад ибни Ҷаҳми Бармакӣ чун шоири тавоно ва мутарҷими хушсалиқа ёд шудааст. Ривояте ҳаст, ки гӯё халифа Маъмун (ҳукмр. 813-88) аз ӯ се байт дар мадҳ, ҳаҷв, рисо хостааст ва барои ҳар як байт бахшидани як вилоятро ваъда кардааст. Муҳаммад ибни Ҷаҳми Бармакӣ ин шартро иҷро кард ва соҳиби вил-ҳои Динавару Ҳамадон гардид. Муҳаммад ибни Ҷаҳми Бармакӣ «Худойнома»-и паҳлавиро бо номи «Сияр мулук ал-фурс» ба арабӣ тарҷума кардааст. Ҷиҳати ҷолиби диққат дар тарҷумаи Муҳаммад ибни Ҷаҳми Бармакӣ он аст, ки вай мутобиқи ҳодисаву воқеаҳои дар асар омада, аз эҷодиёти худ пораҳои манзум овардааст (19 байти Муҳаммад ибни Ҷаҳми Бармакӣ дар китоби Муқаддасӣ сабт гардидаанд). Ҳамин тарзи нигориши Муҳаммад ибни Ҷаҳми Бармакӣ дар оянда мавриди истиқболи таърихнависони Арабу Аҷам қарор гирифт.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Донишномаи Сомониён. Ҷ 1. Х., 2008. Н. Зоҳидов.

Сарчашма вироиш