Бақоии Саҳорантпурӣ

Шайх Муҳаммад Бақоии Саҳорантпурӣ (форсӣ: بقائ سهارنتپوری‎; 1628, Саҳорантпури Ҳиндустон — 1683, ҳа­мон ҷо) — шоир, адиб ва муаррихи форсизабони Ҳиндустон.

Бақоии Саҳорантпурӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Гузаштагонаш аз авлоди Абдуллоҳи Ансорӣ буданд, ки аз Ҳирот ба Ҳиндустон рафтаву маскан кардаанд. Таълими ибтидоиро дар назди падараш гирифтааст. Сипас дар наз­ди донишмандони маъруфи он давр Нурулҳаққи Деҳлавӣ ва Абдуллоҳи Сарҳиндӣ илм омӯхтааст. Пас аз таҳсил худаш ба тадрис пардохт. Бо ташвиқи бародараш Муҳам­мадризо ҳамроҳи хоҳарзодааш Муҳаммадшафеъ ва Бахтовархон ном муқарраби ҳукмрони давр Аврангзеб ба хидмати Аврангзеб дохил шуда, ба таърихнигорию да­бирӣ машғул гардидааст. Аз Б. С. асари таърихие бо номи «Миръоти ҷаҳоннамо» (таърихи умумӣ) боқӣ мондааст, ки дар гирдоварӣ ва тадвини он бародараш Му­ҳаммадризо ва хоҳарзодааш Муҳаммадшафеъ иштирок кардаанд. Дар китоб бахши илҳоқие мавҷуд аст, ки дар он шарҳи ҳоли шоирон ва намунаҳое аз эҷодиёташон оварда шуда, ба ҳамин сабаб онро «Тазкират-уш-шуаро» ҳам гуфтаанд. Ҳамқалами Бахтовархон дар таълифи китоби таърихии «Миръот-ул- олам» будааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • .دانشنامۀ جهان اسلام. ج. ۳. تهران، ۱۳۷۸ هـ. ش

Сарчашма вироиш