«Баҳманнома» (форсӣ: بهمن‌نامه‎) — достони ҳамосиест аз шумори асарҳои дар тақлид аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ нигошташуда дар баҳри мутақориби мусаммани маҳзуф (10 ҳазор байт) мутааллиқ ба қалами Ҳаким Эроншоҳ ибни Абилхайр, ки тақрибан дар охири садаи 11 — ибтидои садаи 12 таълиф шудааст.

Баҳманнома
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тибқи таҳқиқоти Забеҳуллоҳи Сафо («Ҳамосасароӣ дар Эрон») аз «Баҳманнома» Дар «Муҷмалу-т-таворих ва-л-қисас» (муаллифаш номаълум, 1126) ёд шудааст. Пас, метавон гуфт «Баҳманнома» пеш аз ин сол навишта шудааст. Муаллифи «Муҷмал» аз ин асар истифода бурда, воқеоти замони Доро, вафоти Зол ва замони Баҳман — писари Исфандёрро дар китобаш оварда, ин байтро аз «Баҳманнома» иқтибос кардааст:

Дар айёми Доро бишӯрид ҳол,
Бурун шуд зи дунё ҷаҳондида Зол.

«Баҳманнома» аз чаҳор қисм таркиб ёфтааст. Дар қисми якум аз ҷулуси Баҳман ба тахти подшоҳӣ, саргузаштҳои вай бо Катоюн – духтари шоҳи Кашмир ва Ҳумой – духтари ҳукмрони Миср сухан меравад. Дар охири ин қисм ҳикояти Ҷомоспи вазир оид ба марги Рустам омадааст. Баҳман азм менамояд, ки аз хонадони Сом барои кушта шудани падараш Исфандёр интиқом бигирад. Дар қисми дуюм батафсил аз ҷанги Баҳман бо паҳлавонони Сиистон сухан меравад. Золу Фаромарз ва ду духтари Рустам – Зарбонуву Бонугушасп се бор Баҳманро шикаст доданд, аммо дар фарҷом Баҳман пирӯз шуд. Фаромарз кушта шуд. Зол ба асорат афтод. Дигар хешовандони Рустам ба Кашмир гурехтанд. Қисми сеюми «Баҳманнома» идомаи қисми дуюм аст. Дар он тасвири задухӯрду ҷангҳои Баҳманнома бо духтарони Рустам, писари Фаромарз, паҳлавонон Фарҳоду Тахора, писарони Завора ва дигар идома ёфтааст. Баҳман баъзе аз ашхоси хонадони Рустамро кушт, аксари онҳоро асир гирифт, сағонаи хонадони Сомро хароб кард. Баъдтар аз ин кори худ пушаймон шуд; ҳамаи асиронро ба ҷуз Озарбарзини писари Фаромарз озод кард. Дар қисми чорум қаҳрамони асосӣ писари Фаромарз – Озарбарзин мебошад. Вай бо ёрии паҳлавоне бо номи Рустам аз асорат раҳоӣ ёфта, ба муқобили Баҳман меҷангад. Дар фарҷом бо Баҳман сулҳ баста, ҷаҳонпаҳлавон (сипаҳсолор)-и ӯ шуд. Баҳман тахти шоҳиро ба духтараш Ҳумой супорид ва баъди чанд вақт дар шикоргоҳ туъмаи аждаҳо шуд.

Аз муҳтавиёти «Баҳманнома» бармеояд, ки маъхази он ривоёту достонҳои пешазисломӣ будаанд, ки дар байни халқ вуҷуд доштанд. Муаллиф аз маъхазҳои худ чунин ёд кардааст:

Чунин гуфт деҳқони мӯбаднажод,
Ки бар мо дари достон баркушод.
Зи гӯянда пурсид хонанда мард,
К-аз ин пеш ҷаҳонҷӯй Баҳман чӣ кард?
Бад-ӯ марди гӯё забон баркушод,
Ки аз ростон дорам ин гуфт ёд...

Ба мисли дигар достонҳои ҳамосӣ ба «Баҳманнома» баъзе қиссаву ривоятҳои исломӣ оид ба Одам, қавми Од, Тӯфони Нӯҳ, Қорун, сард шудани оташ бар Халил, олами сағиру кабир ворид гардидаанд. «Баҳманнома» аз ҷиҳати забон ва тарзи баён ҷолиб аст. Вожаҳои бегона дар ин достон аз сесад беш нестанд. Нусхаҳои дастнависи «Баҳманнома» дар китобхонаи Музейи Британия ва Китобхонаи миллии Фаронса маҳфузанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш