Баҳрҳои дохилӣ

(Тағйири масир аз Баҳри дохилӣ)

Баҳрҳои дохилӣбаҳрҳоеанд, ки дар дохили хушкӣ воқеъ гашта, бо уқёнус ё баҳрҳои ҳамшафат бо як ё якчанд гулӯгоҳ пайвастанд. Иқлими хушкӣ ба баҳрҳои дохилӣ таъсири зиёде мерасонад. Оби баъзе баҳрҳо (мас., Баҳри Балтика, Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Азов) аз сабаби фаровонии оби дарёҳо камнамаканд. Оби баҳрҳои дигар (Баҳри Сурх, Баҳри Миёназамин) аз таъсири иқлими гарми хушк ва камии оби дарёҳо шӯртаранд. Баҳрҳои дохилӣ аз рӯйи хусусияти низоми гидрологиашон ба баҳрҳои миёназаминиву нимкушод тақсим мешаванд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш