Баҳром Ғафурӣ

овозхони тоҷик

Баҳром Ғафурӣ (29 феврали 1976, деҳаи Ҳазрати Мавлоно, ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон — 7 августи 2020, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхон ва ҳунарпешаи тоҷик.

Баҳром Ғафурӣ
Таърихи таваллуд 29 феврал 1976(1976-02-29)
Зодгоҳ деҳаи Ҳазрати Мавлоно, ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 7 август 2020(2020-08-07) (44 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхони поп, ҳунарпеша

Зиндагинома вироиш

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Ленин ба дунё омадааст. Дар кӯдакӣ ӯ соҳиби 3 бародар ва 2 хоҳар будааст. Баҳром хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Эҷодиёт вироиш

Суруди аввалини худро «Парешон шуди ай дил», ҳангоми дар бахши якуми таҳсил карданаш сароидааст. Баҳром соли 1997 миёни мардум шуҳрат пайдо намудааст. Дар миёни мардум албумҳои ӯ «Милоди орзу», «Ошиқи рӯят» ва «Муҳоҷирбача» маҳбубияти хос доранд.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Баҳром солҳои 90-ум издивоҷ намудааст, ки соҳиби 4 писар буд.

Сурудҳо вироиш

  • Парешон шуди, ай дил
  • Духтари ҳамсоя
  • Дар ин замона
  • Модар
  • Чаки чаки борон (бо Шабнами Сурайё)
  • Фарангис
  • Муҳоҷирбача
  • Умри ман мераваду…
  • Имшаб мерам ба диданат ёри ҷон
  • Орзу

ва ғайраҳо

Филмнома вироиш

  • Сукут(2011)
  • Сукут 2 (2013)
  • Кин (2018)
  • Рӯё (2019)[1]

Ҷоизаҳо вироиш

Баҳром Ғафурӣ чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои «Ситораи сол» ва «Овозхони беҳтарин»-ро ба даст овардааст[2].

Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards «Овозхони беҳтарини мард» эълон шуд.

Дар аввалини соли 2014, Баҳром Ғафурӣ ҷоизаи «TOP-50: Одамони услуби шаҳри Душанбе»-ро барои соли 2013 гирифт[3].

Даргузашт вироиш

Баҳром Ғафурӣ бар асари як тасодуф дар роҳ 7 августи 2020, тақрибан соатҳои 4:00 дар синни 44-солагӣ даргузашт. Ҳодиса дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух додааст, ки дар нақлиёт овозхон мусофир будааст ва ба худрави «КаМаз» бархурад. Ӯро ба шӯъбаи 5-уми беморхонаи Қарияи Боло интиқол медиҳанд, аммо ӯро наҷот дода наметавонанд. Ҷасади ӯ, худи ҳамон рӯз дар қабристони деҳаашон, ба хок супурда шуд.

Эзоҳ вироиш