Муҳаммадшафеъ Баҳҷати Ироқӣ (форсӣ: بهجت عراقی‎, қарни XVII) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Баҳҷати Ироқӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Тазкиранигори тоҷик Малеҳои Самарқандӣ ҳангоми сафараш ба Исфаҳон бо ин шахс вохӯрдааст. Ӯро чун шоири тавонои аҳд ёд мекунад. Ба қавли Малеҳо носозгориҳову тангии рӯзгор ба Баҳҷати Ироқӣ таъсир гузошта буданд. Ҳамин нобасомониҳо сабаби он шуданд, ки вай тарки ватан карда, ба Ҳиндустон (Ҳайдаробод) рӯй овард. Дар байни шуарои давр ашъораш шуҳрат доштанд. Абёти зерин аз ӯянд:

Аз лаби ӯ ба забонам сухане меояд,
Пайкар аз ҷониби ҷон сӯйи тане меояд.
Аз хаёли гули рӯи ту ба хилватгаҳи дил,
Ҳар нафас Юсуфи гулпираҳане меояд.
Рафтани ҳусни туро омадан аз хат боқист,
Гулбуне меравад, аммо чамане меояд.

Адабиёт

вироиш
  • تذکرۀ مذاکرالاصحاب یا تذکرة الشعراء ملیحای سمرقندی. دوشنبه، ۱۳۸۰