Меҳралӣ Бекас (форсӣ: بیکس ‎) (? байни соҳои 1725—1736) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Бекас (шоир)
Меҳралӣ Бекас (форсӣ: بیکس‎)
Зодгоҳ: наздикии шаҳри Акбаробод Ҳиндустон
Таърихи даргузашт: 1736(1736)
Маҳалли даргузашт: Акбаробод
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: забони порсӣ

Гузаштагонаш дар Акбарободи Ҳиндустон қозӣ буданд. Дар шеъру шоирӣ ба Мирзо Абдулқодири Бедил пайравӣ мекард. Муаллифи тазкираи «Сафинаи Хушгӯ» — Биндробан Доси Хушгӯ, ки бо Бекас ҳамсуҳбат шудааст, вайро чун шоири моҳир ва фозилу донишманд муаррифӣ намудааст. То имрӯз аз осораш намунаҳо ба тавассути тазкираҳо расидаанд.

Абёти зерин аз ӯянд:

Бекас, зи фироқ доғ дар дил мондӣ,
Бе васли нигор пой дар гил мондӣ.
Ҳарчанд талоши васли дарё кардӣ,
Лекин чун мавҷ сар ба соҳил мондӣ.

Адабиёт вироиш