Беназир Бҳутто (урду: بینظیر بهٹو; Карочи, Покистон, 21 июни 1953, Равалпинди, Покистон, 27 декабри 2007) — ходими давлатии Покистон. Духтари собиқ сарвазири Покистон Зулфиқор Алӣ Бҳутто (1971—1977).

Беназир Бҳутто
урду: بینظیر بھٹو, синдӣ: بينظير ڀٽو
 — 5 ноябри 1996
Пешгузашта Моинуддин Аҳмад Куреши
Ҷонишин Меъроҷ Холид
парчам
Вазири мудофиаи Покистон
аз 4 декабри 1988
Пешгузашта Маҳмуд Ҳорун
Ҷонишин Ghous Ali Shah
аз 2 декабри 1988
Пешгузашта Муҳаммад Зиёулҳақ
Ҷонишин Ғулом Мустафо Ҷатой
Таваллуд 21 июн 1953(1953-06-21)[3][4][5][…]
Даргузашт 27 декабр 2007(2007-12-27)[6][3][4][…] (54 сол)
Мадфан Мавзолей в деревне Гари Худа Бахш, близ Ларкана
Дудмон Bhutto family[d]
Падар Зулфиқор Али Бҳутто
Модар Нусрат Бҳутто
Ҳамсар Осиф Алӣ Зардорӣ
Фарзандон писар: Билавал
духтарон: Бахтовар ва Осифа
Ҳизб ҲХП
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ доктори илм
Эътиқод Ислом, шиа[1][2]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ benazirbhutto.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Беназир Бҳутто соли 1973 Донишгоҳи Ҳарварди (ИМА) ва соли 1977 Донишгоҳи Оксфорд (Британияи Кабир)-ро хатм кардаст.

Фаъолияти сиёсӣ вироиш

Аз соли 1976 мушовири расмии падараш — Зулфиқор Алӣ Бҳутто буд ва баъди табаддулот (1979) маҳбус гардид. Солҳои 1984—1986 дар Британияи Кабир зиндагӣ мекард. Баъди ба ватан баргаштан роҳбари мухолифин ва раиси Ҳиз­би халқии Покистон интихоб мешавад. Дар интихоботи парлумонии Покистон соли 1988 бори аввал дар таърихи кишварҳои исломии дунё, зани мусулмон - Беназир Бҳутто сарвазири мамлакат интихоб гардид. Вале сарварии ӯ дер давом накард. Беназир Бҳутто бо иттиҳоми ришваситонӣ (1990) аз иҷрои вазифаҳои давлатӣ сабукдӯш гардид. Октябри 1993 аз сари нав сарвазири мамлакат интихоб мешавад. Беназир Бҳутто барои доир намудани ислоҳоти демократӣ дар Покистон ба муқобилияти сахти ҳаракатҳои тундгароёнаи динӣ ва ақидаҳои кӯҳнапарастонаи низомӣ дучор шуд. Ноябри соли 1996 дигарбора аз нав ба иттиҳоми ришваситонӣ муттаҳам шуда, Беназир Бҳутто маҷбуран ба истеъфо рафт. Солҳои 1999—2007 дар Британияи Кабир ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекард. Октябри 2007 Беназир Бҳутто ба Ватан баргашта, хост дар интихоботи парлумонии соли 2008 иштирок варзад ва сарвазири мамлакат гардад. Ба истиқболи Беназир Бҳутто дар шаҳри Карочӣ гирдиҳамоии бузурге баргузор шуд ва онҷо амали террористӣ содир гардид, ки дар натиҷа зиёда аз 140 нафар ҳалок ва беш аз 500 нафар захмдор шуданд. 3 ноябри 2007 Президент Парвиз Мушарраф дар кишвар ҳолати фавқулодаро ҷорӣ намуд. Мухолифони ҳукумат ва Беназир Бҳутто муқобили ҷори намудани ҳолати фавқулода дар кишвар буданд ва тарафдоронашонро ба эътирозҳои оммавӣ даъват намуда, хостори истеъфои Президент Парвиз Мушарраф шуданд. Ҳукумат Беназир Бҳутторо ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард. 19 декабри 2007 Парвиз Мушарраф баргузории интихоботи президентиро 8 январи 2008 эълон кард.

Марг вироиш

27 декабри 2007 Беназир Бҳутто дар зодгоҳаш шаҳри Равалпиндӣ дар гирдиҳамойии умумӣ бар асари як амали террористӣ ва сӯиқасд захмдор шуда, дар беморхона ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт[8].

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш