Беҳбуди Шоҳаншоҳӣ (форсӣ: بهبود شاهنشاهی ‎; (? — қарни XVI) — наққош ва хаттоти форс-тоҷик.

Беҳбуди Шоҳаншоҳӣ

Зиндагинома вироиш

Муаллифи «Маноқиби ҳунарварон» вайро шогирди Муҳаммад Ҳусайни Табрезӣ ва аз бузургони шоҳ Таҳмосби аввали Сафавӣ (Эрон) донистааст, ки дар ҳарами хосси ӯ ба китобат машғул будааст. Соҳиби «Муассири Раҳимӣ» ӯро ғуломи Мирбоқир, фарзанди Миралии Ҳиравӣ хондааст, ки ҳангоми расидан ба Ҳиндустон ва мулозимати Хони хонон Беҳбудро ба вай бахшидааст. Ӯ ки дар наққошӣ ва хушнависии настаълиқ аз бебадалони рӯзгор буд, дар китобхонаи Хони хонон ба китобат, тазйину тазҳиб ва ороиши китобҳо машғул шудааст. Ба хатти вай як қитъа аз мураққае дар китобхонаи Хазинаи авқофи Истанбул мавҷуд аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш