Бисотии Шуштарӣ (форсӣ: بساطی شوشتری[1]; ? — 1539, Бухоро) — шоири форс-тоҷик.

Бисотии Шуштарӣ
Зодгоҳ: Бухоро
Таърихи даргузашт: 1539(1539)
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Пас аз касби камол ва андӯхтани дониш дар зодгоҳаш — шаҳри Шуштари Эрон ба Мовароуннаҳр омад ва дар Бухоро ба хидмати ҳукмрони давр — Абдуллоҳхон дохил гардид. Дар манобеи адабӣ аз ӯ чун шоири бомаҳорат, сарояндаи шеър дар анвои гуногуни адабӣ — қасида, ғазал, рубоӣ ва ғ. ёд кардаанд. Намунаҳо аз осораш дар тазкираҳову баёзҳо омадаанд.

  1. بساطی شوشتری. rasekhoon.net. 1 май 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш