Нур ибни Санга Баҳодури Бобудиб (форсӣ: بابوديب‎; с. тав. ва ваф. номаълум) — хушнавис ва шоири садаи XIX.

Бобудиб
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Ба қавли муаллифи тазкираи «Риёзу-л-вифоқ» Бобудиб марди диловар, сахӣ ва латифтабъ будааст, шеър мегуфтааст ва настаълиқро зебо менавиштааст. Ҳангоми таълифи он китоб (1813/14) ҳанӯз дар қайди ҳаёт будааст. Аз осори хаттотии ӯ чизе дастрас нест.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • ذوالفقار علی مست، رياض الوفاق (باهتمام دکتر خيامپور)، تبريز، ۱۳۴۳؛
  • مهدی بيانی، احوال و اثار خوشنويسان، تهران، ۱۳۴۵.

Сарчашма вироиш