Бодомқандак — мағзи бодоми рӯяш бо қабати қанд пӯшида, як навъ ширавории миллии тоҷикӣ.

Бодомқандак
Бодомқандак дар рӯи дасторхони тоҷикӣ

Омодасозӣ вироиш

Бодомқандакро аз мағзи бодом ва қандоб бо илова намудани ҷавҳари сирко тайёр менамоянд. Мағзи бодомро пешакӣ дар оби ҷӯш буғ дода, пӯсташро тоза мекунанд. Баъд мағзи бодомро дар рӯи лаълӣ тунук паҳн карда, мехушконанд ва каме бирён мекунанд. Қандоб­ро (миқдори қанд дар маҳлул 80–85%) алоҳида тайёр мекунанд. Пеш аз анҷоми ҷӯшонидан ба қандоб ҷавҳари мева илова менамоянд. Баъд қандоби гармро ба болои мағзи бодоми пешакӣ тайёркарда рехта, бо белчаи чубӣ омехта мекунанд. Дар ин маврид рӯи мағзи бодом бо қабати тунуки қанд пӯшида мешавад, Чунин амалиётро 2–3 бор такрор мекунанд ва ҳар бор ба болои маҳсулоти нимтайёр ҳиссаи нави қандобро мерезанд. Тайёр шудани бодомқандакро аз рӯи на камтар аз 2 маротиба зиёд шудани ҳаҷми мағзи бодом муайян мекунанд. Сатҳи мағзи бодом сафед ва ноҳамвор мешавад.

Ба ҳамин тарз мағзи писта, чормағзи заминӣ ва зардолуро дар қандоб тайёр мекунанд.

Барои ҳосил кардани 1 кг бодомқандак 4 истакон шакар, 4 истакон мағзи бодом, ним қошуқча ҷавҳари сирко ва чанд қатра ҷавҳари мева лозим аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш