Баҳман (гул)

(Тағйири масир аз Бойчечак)

Баҳман (форсӣ: بهمن‎), гули баҳман, бойчечак, гули ях, гули қосид, ҳасратгул (лот. Crocus korolkowii) — як навъ гули худрӯи аввали баҳор; гиёҳи бисёрсолаи пиёзакбех, мансуби савасаниҳо.

Баҳман
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Crocus korolkowii Regel ex Maw

Тавсифоти гиёҳшиносӣ вироиш

Баргаш (5–15-то) борики нӯгтез (дарозиаш то 25–27 см, бараш 1–2 мм), сабзи кушод, рахҳои сафед дорад. Гулаш (дар ҳар бех 1–5-то) қифшакли зард, зарди норанҷӣ ё бунафштоб (фақат рӯзҳои офтоб мешукуфад). Ғӯзааш дарозрӯя (3 см), сертухм; тухмаш гирдаи қаҳваранг.

Густариш вироиш

Баҳман, одатан, дар нишеби кӯҳҳо, талу теппа, алафзори ҷангали гармсер ва паҳнбарг, арчазор (қатор кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва мавзеъҳои ҷануби Тоҷикистон; дар баландиҳои 800–2000 м аз с. б.) нумӯ меёбад. Баҳманро аз кӯчат, пиёзак ва тухмаш месабзонанд. Баҳмани дар тирамоҳ кошташуда баҳор сабзида, соли 3–4-ум (охири январи ё аввали феврал) гул мекунад. Дар водиҳои Тоҷикистон баҳман баъзан декабр ё аввали январи, дар кӯҳҳо апрел–май (дар баландии 2000 м аз с. б. – июн) мешукуфад. Баҳман гули маъмулу писандидаи тоҷикон аст. Онро рамзи навбаҳору айёми киштукор медонанд. Баҳманро якҷоя бо гули наврӯзию сиёҳгӯш ё гурӯҳ-гурӯҳ (100–200-тоӣ) коштан беҳтар аст.

Хосияти шифоӣ вироиш

Баҳман гиёҳи доруист. Табибони халқӣ гарди гули онро давои зардпарвин, нақси дилу меъдаву рӯда ва омили тақвиятбахши организм мешуморанд. Пиёзаки баҳман заҳрнок аст.

Эзоҳ вироиш

  1. Об условности указания класса однодольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Однодольные».

Адабиёт вироиш

  • Флора Таджикской ССР. Т. 2. М.–Л., 1963;
  • Ҳоҷиматов М., Олимов М. Чаҳорбоғи гулҳо. Д., 1979.

Сарчашма вироиш