Боқири Дамовандӣ (форсӣ: باقر دماوندی‎) — шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 17).

Боқири Дамовандӣ

Зиндагинома

вироиш

Мувофиқи маълумоти тазкираи Абдулбоқии Наҳовандӣ «Маосири Раҳимӣ» Боқири Дамовандӣ дар зодгоҳаш — Дамованди Эрон таҳсили улум намуда ба камол расидааст. Муддате дар Ироқ буд. Аз он ҷо ба Ҳиндустон омад ва ба хидмати дарбори Абдурраҳими Хонихонон дохил гардид. Аз осораш намунаҳо ба тавассути тазкираҳо (мас., дар «Маосири Раҳимӣ» як қасидааш иборат аз 42 байт) боқӣ мондаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Саҳар нигори ман омад ба хайрбоди сафар,
Миён ба ҳамраҳияш чуст баста бод камар.
Ба мастие, ки арақ дар масоми ӯ шуда май,
Ба тундие, ки тараб дар мизоҷи ӯ шуда тар....

Адабиёт

вироиш