Гунд (форсӣ: گـُند‎) — ягоне тактикӣ дар шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ, ки маъмулан хурдтар аз лашкар будаву аз ду ҳанг ё чанд гурдон ташкил ёфта ва ягонҳои хурдтаре барои бароварда сохтани ниёз ба он ҳамроҳ мешаванд; тип[1]; бригада[2].

Ягонҳои размӣ
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
Гурӯҳ 2—5 Размюз
Рада 5—10 Размдор
Таҳм 10—50 Таҳмдор
Вашт 50—150 Сарвашт
Гурдон 150—700 Саргурд
Ҳанг 700—1 500 Сарҳанг
Гунд 1 500—5 000 Гундсолор
Лашкар 5 000—20 000 Лашкарсолор
Сипоҳ 20 000—40 000 Сипаҳсолор
Артиш 40 000 + Артишсолор

Вожашиносӣ вироиш

«Гунд» вожае паҳлавӣ: gund ба маънои ‘лашкар; гурӯҳ, даста[3] ва аз истилоҳоти сипоҳи Ашкониён ва Сосониён аст, ки эҳтимолан аз *vr̥nda-сипоҳ; гунд’ дар забони эронии бостон рӯидааст[4]. Ин истилоҳ дар «Шоҳнома» дар таркиби вожаи «гундовар» омада, ки Фирдавсӣ онро ба маънои «сипаҳсолор» ба кор бурдааст[4]:

Пазира шудандаш ҳама меҳтарон,
Бузургони Эрону гундоварон[5].

Истилоҳи «гунд» дар нахустин садаҳои исломӣ бо истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) ҷойгузин шуда, ки пеш аз ислом ҳам ба кор мерафтааст[6]. Ин истилоҳ дар забони пашту: «غونډ»‎ [ғунд] гашта ва ҳанг дар Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон чунин номида мешавад[7].

Ин истилоҳ ҳамчунин аз забони форсии дарӣ ба забони туркӣ вом гирифта шуда ва истилоҳи форсӣ-туркии «جنباشی» [ҷунбошӣ]-ро ташкил дода, ки дар замони ҳукумати Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкаре аз чанд ҳазор сарбозро меномиданд[8]. Дар садаҳои миёна фармондеҳи 5 ҳазор сарбозро «панҷҳазорӣ» (форсӣ: پنج‌هزاری‎) низ мегуфтанд[9].

Бо таваҷҷуҳ ба ин пешинаву корбурд, истилоҳоти «гунд» ва «гундсолор» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «бригада» (аз фаронсавӣ: brigade > итолиёвӣ: brigataдаста) ва дараҷаи низомии «генерал-майор» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[10].

Пешина вироиш

Гунд ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву бевара (порсии бостон: *baivara-) номида мешуда ва онро беварабад (порсии бостон: *baivarapati-) фармондеҳӣ мекард[11]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.

Бевара дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[12], гунд ном гирифта ва фармондеҳи он гунд-солор (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[13].

Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз чанд дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме ҳазор размандаро дар бар мегирифт[14]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[15][16].

Корбурд вироиш

Гунд дар нерӯҳои заминӣ ягонест, ки аз якчанд гурдон, оташбор, ҳанг ва ё нерӯҳои вижа ташкил мешавад. Гундҳо саворатирандоз, савора, ракетӣ, танкӣ, оташбор, муҳандисии размӣ, ҳавобурд, ҳавоӣ, туфангдорони дарёӣ ва ғайра мешаванд.

Манобеъ вироиш

  1. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 7 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  2. Коллектив авторов. Том 1, статья «Бригада» // Военная энциклопедия / Под ред. П. С. Грачёв. — М.: Воениздат, 1997. — С. 576—581. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01655-0.
  3. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5.. 7 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2012.
  4. 4.0 4.1 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN: 978-600-6143-58-3.
  5. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — с. 408
  6. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  7. Лебедев К.А., Яцевич Л.С., Конаровский М.А. Русско-пушту-дари словарь. — Москва: Русский язык, 1989. — С. 508. — 768 с. — ISBN 5-200-00700-3.
  8. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
  9. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 68.
  10. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  11. J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 19 n. 84
  12. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  13. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131.. 7 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2021.
  14. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  15. Гунд // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
  16. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47