Бӯшаҳрӣ (лот. Rhododéndron) — гули маҳин, як ҷинси бутта, баъзан дарахти қадпасти ҳамешасабз ё хазонрез.

Бӯшаҳрӣ
Rhododendron ponticum.
Rhododendron ponticum
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Rhododendron L., 1753
Номенклатурный тип
Таксонҳои хоҳар

Гунаҳо вироиш

Дар олам қариб 100 намуди бӯшаҳрӣ парвариш карда мешавад, ки аксари онҳо заҳрноканд. Бӯшаҳриро барои ороиш алоҳида-алоҳида ё якҷо мешинонанд. Дар ғурӯшахоки туршиаш баланд нағз месабзад. Намудҳои гуногуни Б. дар кӯҳҳои Осиёи Шарқӣ, Аврупои Ғарбӣ, Амрикои Шимолӣ, Қафқоз, Сибир ва Шарқи Дур дучор меояд. Дар Тоҷикистон Бӯшаҳриро дар боғҳои ботаникӣ мепарваранд. Барги дурушти кӯтоҳдумча, гули дуҷинсаи қифшакли зард, гулобӣ ё бунафш, меваи панҷпалла, тухми майда (дарозиаш 0,5-2 мм) дорад. Аз тухму қаламча зиёд мешавад. Дар тибби халқӣ ҷӯшобаи барги баъзе намудҳои Бӯшаҳрӣ, мас., Бӯшаҳрии зарин (Rh. aureum), Бӯшаҳрии қафқозӣ (Rh. caucasicum), Бӯшаҳрии даури (Rh. dauricum)-ро барои рафъи табларза, дарди сар ва бехобӣ, ҳамчун маводди маҳви бактерияҳо ва давои пешоброн кор мефармоянд. Гули бӯшаҳрӣ сершаҳд буда, асали он хушбӯй аст. Дар таркиби баъзе анвои Бӯшаҳрии андромедотоксин (родотоксин) ёфт шудааст, ки фаъолияти ҳуҷайраҳои мағзи сарро фалаҷ месозад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш