Вадуд, ал-Вадуд (ар. الوَدُودُ‎ — меҳрубон) — яке аз номҳои Худованд, ба маънои дӯстдори аҳли тоат ва мустаҳиққи ҳамду муҳаббати онҳо.

Вадуд ё сиғаи муболиға аз исми фоил аст ва ё аз исми мафъул гирифта шудааст. Вадуд ба маънои бисёр бомуҳаббату пурнавозиш — маҳбуб, дӯстдошта ва мустаҳиққи ҳамду ситоиш аз сӯйи бандагони муъмини Худо аст. Исми Вадуд барои Худованд бо Қуръон (11:90, 85:14) ва дар ҳадиси асмоуллоҳ дар «Сунани Тирмизӣ» дар радифи 48 собит шудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш