«Вожаномак» (форсӣ: واژه‌نامک‎, номи дуюмаш «Дар бораи вожаҳои душвори Шоҳнома») — асари дар соҳаи фарҳангнигорӣ таълифкардаи ҳунарманди театр, сенариянавис, нависанда ва пажӯҳишгари «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Абдулҳусайни Нӯшин.

Нӯшин онро дар солҳои 60 садаи XX ҳангоми зиндагӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ (Маскав) ва ширкаташ дар таҳияи чопи интиқодии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки дар шоҳномашиносӣ бо номи «Чопи Маскав» маъруф аст, тартиб додааст. Тибқи васияти ӯ, дастнависи ин асар ба дабири кулли Бунёди фарҳанги Эрон Парвиз Нотил Хонларӣ расид ва ӯ онро нашр кард. «Вожаномак» аз муқаддимаи муаллиф ва сарсухани «Шеваи кори нигоранда дар тадвини китоб», матни асосӣ, ки шарҳи тақр. 3000 вожаи сода ва мураккаб, ибораҳову ҷумлаҳоро дар бар мегирад, таркиб ёфтааст. Тартиби ҷойгирии калимаҳо дар «Вожаномак» мутобиқ ба алифбои форсист. Аз сарсухани китоб бармеояд, ки Нӯшин дар «Вожаномак» номи ашхосро наовардааст, маънои маҷозии вожаҳо, кинояҳо баён шудаанд, барои шарҳи вожаҳо бо як байт қаноат накардааст, барои равшан шудани маънии вожа дар байти «Шоҳнома» якчанд байти пеш ва пас овардааст; барои тақвияти фикр аз шоирону нависандагони дигар шоҳид ҷуста, шарҳи вожаро тақвият додааст. Мураттиб аз «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Луғати фурс», «Сиҳоҳу-л-фурс» ва ғ. истифода бурда, ғалатҳои онҳо, махсусан нисбат додани байти як шоир ба шоири дигар, саҳеҳ набудани тафсирашон ва ғ.-ро нишон додааст. Манбаи вожаҳои дар «Вожаномак» тафсиршуда ҳамон нусхаҳои хаттии «Шоҳнома» (нусхаҳои Музеи Британия, Китобхонаи умумии Санкт-Петербург, Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Русия) мебошанд, ки дар заминаашон чопи интиқодии маскавии «Шоҳнома» таҳия гардидааст.

Шарҳу тавзеҳоти дар «Вожаномак» овардашуда, андешаҳояш оид ба ғалатҳои роҳдодаи котибон дар нусхабардорӣ аз «Шоҳнома» гувоҳи онанд, ки нависандаи ин асар аз нозукиҳои маънои вожаҳои «Шоҳнома» огоҳ аст ва онҳо барои дуруст таҳия гардидани матни асар ёрӣ мерасонанд. «Вожаномак» дар Эрон аз тариқи Бунёди фарҳанги Эрон (1973), дар Кобул (1986) ва соли 2006 боз дар Теҳрон аз ҷониби Муин нашр шудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Краткая литературная энциклопедия. Т. 5. М., 1968;
  • دانشنامۀ دانش گستر. جلد ١٧. تهران، ١٣٨٩ ش.ر

Сарчашма вироиш