Волаи Исфаҳонӣ (форсӣ: والۀ إصفهانی‎; 17391814) — шоир ва хушнависи форс-тоҷик.

Волаи Исфаҳонӣ
Зодгоҳ:
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Номи аслиаш Муҳаммадкозим. Бо мақсади зиёрату тиҷорат ба кишвари Ироқ сафар кард. Ӯ сарфу наҳв, арӯз, қофия, ҳикмату ирфон ва илми тасаввуфро хуб медонист. Дар анвои гуногуни адабӣ − ғазалу қасида, қитъа, маснавию дубайтӣ ва рубоӣ бо забонҳои форсӣ ва арабӣ шеър сурудааст, вале ба эҷоди ғазалу рубоӣ бештар майл дошт. Нусхаҳои девони Волаи Исфаҳонӣ то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Нусхае, ки аз ҷониби Ризо Абдулҳай бо муқаддима ва тасҳеҳ чоп шудааст (1993), девони аз ҳама комили Волаи Исфаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Волаи Исфаҳонӣ инчунин муаллифи «Тазкираи Волаи Исфаҳонӣ» мебошад, ки дар он оид ба 97 шоир маълумот додааст. Ҳунари дигари Волаи Исфаҳонӣ хушнависӣ, буд агарчи баъзе аз муосирон шеърашро сутудаанд, вале бисёриҳо бар он ақида будаанд, ки дар шеъру шоирӣ мавқеи миёна дошт. Волаи Исфаҳонӣ як нусхаи «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ ва як нусха аз «Куллиёт»-и Саъдии Шерозиро ба хатти зебои настаълиқ китобат намудааст. Осораш дар китобхонаҳо, бахусус дар китобхонаи Маҷлиси Шӯрои исломӣ (Эрон) мавҷуд аст. Ин абёт аз ӯст:

Омад ба сарам ёру ҳанӯзам зи таҳайюр
Чашмам ба раҳи қосиду гӯшам ба паём аст.
***
Ба даврат чарх мастонро намеозорад, ай соқӣ,
Магар аз гардиш афтод осмон аз гардиши ҷомат?
***
Манам он дарахти бебар, ки шикаст бору баргам,
Ба умеди соя ҳар кас, ки нишаст дар паноҳам.
***
Ба ҷои ваъдаи як бӯса сад ҷон додаму шодам,
Намедонам, гарам як бӯса медодӣ, чӣ мекардам.

Осор вироиш

  • . دیوان والۀ إصفهانی. تهران، ۱۳۷۱ هـ.ش

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • آقا محمد کاظم. والۀ إصفهانی//کیهان فرهنگی، سال ۱۰ شمارۀ ۱۰۷. تهران، ۱۳۷۲ هـ. ش.ر

Сарчашма вироиш